Ба ҳукумат сохтмони биноҳои баландошёна дар ноҳияҳо пешниҳод шуд

Дар робита ба афзоиши шумори аҳолӣ ва камшавии заминҳои корами обёришаванда, яке аз мушкилоти асосӣ дар Тоҷикистон масъалаи таъмини сокинон бо манзили зист ба шумор меравад. «Аз ин рӯ, Кумитаи заминсозӣ ва геодезия ба муътақидсозии ҳукумат дар ҳаллу фасли масъалаи сохтмони хонаҳои баландошёна барои оилаҳои ниёзманд дар ноҳияҳо идома медиҳад», – иброз дошт зимни нишасти […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар робита ба афзоиши шумори аҳолӣ ва камшавии заминҳои корами обёришаванда, яке аз мушкилоти асосӣ дар Тоҷикистон масъалаи таъмини сокинон бо манзили зист ба шумор меравад.

«Аз ин рӯ, Кумитаи заминсозӣ ва геодезия ба муътақидсозии ҳукумат дар ҳаллу фасли масъалаи сохтмони хонаҳои баландошёна барои оилаҳои ниёзманд дар ноҳияҳо идома медиҳад», – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи мазкур Раҷаббой Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт таҳияи тарҳу харитаи муфассали маҳалли шаҳру навоҳӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати бунёди зерсохтори зарурӣ мувофиқи мақсад аст.

«Агар пешниҳоди мо дастгирӣ ёбад, бисёре аз мушкилоти марбут ба дастрасӣ ба қитаҳои замин ҳал мешаванд, зеро дар 12 сотих қитъаи замин ба ҷойи 2 оила 40 ва зиёда аз онро бо манзили зист таъмин кардан мумкин аст», – таъкид дошт раиси Кумита.

Ёдрас мекунем, ки нимаи аввали соли гузашта раҳбарияти Кумитаи меъмори ва сохтмони ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро оид ба сохтмони хонаҳои баландошёна дар минтақаҳои кишвар дастгирӣ мекунад.

«Тоҷикистон замини зиёд надошта, шумори аҳолии кишвар бошад, босуръат меафзояд. Оянда мо ҳамаи хоҳишмандонро бо қитъаҳои замин таъмин карда наметавонем. Аз ин рӯ, маҷбурем, ки хонаҳои баландошёна бисозем, зеро дигар илоҷе надорем», – иброз дошта буд зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.