Корхонаи протезӣ-ортопедӣ дар Хуҷанд бо 84 ҳазор доллар таъмир шуд

Иттилоияи расмӣ

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ КИТАОКА дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи таъмири бинои шӯъбаи корхонаи воҳиди давлатии (КВД) “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хучанд» ширкатт варзид.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчубаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ гардид. Аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои шӯъбаи КВД “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хучанд маблағи умумии 83,975 доллари ИМА ҳамчун грант баҳри баланд бартоштани захираҳои истеҳсолии марказ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ барои одамони имконияташон маҳдуд дар вилояти Суғд ҷудо гардид.

 Қабл аз татбиқи лоиҳа, одамони имконияташон маҳдуд дар вилояти Суғд маҷбуран ба шаҳри Душанбе бо харҷи бештари маблағ ва вақт барои дарёфти табобат ва таъмири протезҳо дар КВД “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” сафар мекарданд.

Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Фонди махсуси Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх барои кумак расонидан ба одамони имконияташон маҳдуд иҷро карда шуд. Ин созмон рафти барқарорсозии биноро назорат карда баъди таъмир онро бо таҷҳизоти тиббӣ ва истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардонид. Ҳоло бинои шӯъбаи КВД “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хучанд пурра таъмир гашта одамони имконияташон маҳдуд аз вилояти Суғд метавонанд дар он ҷо муолиҷаи физиотерапевӣ ва барқарорсозӣ намуда, протезҳоро таъмир намоянд.

 Сафир КИТАОКА зимни баромад дар маросим изҳор дошт, ки лоиҳаҳои GGP-и Ҳукумати Ҷопон тавонистанд мусоидат дар рафъи тафовути рушди зерсохторҳои мухталиф, аз ҷумла иншоотҳои инфрасохторӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ намоянд. Ӯ инчунин афзуд, ки лоиҳаҳои мазкур дар тақвияти минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон накши мухим мебозанд.

Дар маросими анҷом ёфтани лоиха, дар баробари кормандони шӯъбаи КВД “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хучанд ва намояндагони ҳокимияти маҳаллии ш. Хуҷанд Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, Клаудия Аззолинӣ, роҳбари Ҳайати  Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, Ҷоул Найнингер, роҳбари дафтари минтақавии Фонди махсус барои кумак ба одамони имконияташон маҳдуд дар Осиё ва  Ҳошим Қосимов, роҳбари шӯъбаи КВД “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хучанд иштирок карданд. Онҳо ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон барои чунин дастгирӣ миннатдории самими изҳор намуданд.

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 352 лоиҳаро ба маблағи умумии $28,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...