Дар Душанбе Форуми соҳибкории ҷавонон доир гардид

Дар  Душанбе Форуми дуюми соҳибкории  ҷавонон  баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонон, намояндагони бахши хусусӣ ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ,  мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ,  мактабҳои  олӣ,  аз  он  ҷумла  шарикони  рушд  ширкат варзиданд.  Дар Форуми  бо дастгирии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ гузаронидашуда муваффақиятҳои то ба имрӯз бадастомадаи соҳибкории  ҷавонон  қайд  шуда  диққати  иштирокчиён  ба зарурати  […]

Asia-Plus

Дар  Душанбе Форуми дуюми соҳибкории  ҷавонон  баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонон, намояндагони бахши хусусӣ ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ,  мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ,  мактабҳои  олӣ,  аз  он  ҷумла  шарикони  рушд  ширкат варзиданд. 

Дар Форуми  бо дастгирии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ гузаронидашуда муваффақиятҳои то ба имрӯз бадастомадаи соҳибкории  ҷавонон  қайд  шуда  диққати  иштирокчиён  ба зарурати  минбаъд  вусъатдиҳии  имкониятҳои ҷавонон ва  баланд бардоштани малакаҳои онҳо,  ташкили ҷойҳои корӣ  бо мақсади  рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона гардид.

“Рушди бахши хусусӣ ҷузъи муҳимми ташкили ҷойҳои нави корӣ буда  асоси барномаи умумии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.  Ҷавонон  ҳамчун бахши бузургтарини аҳолӣ ва дороии асосии Тоҷикистон дар рушди бахши хусусӣ  нақши калидӣ мебозанд, – қайд  намуд  Патрисия Виверc  -Картер,  Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон.  – Бонки  ҷаҳонӣ  омода  аст  талошҳои Ҳукумати  Тоҷикистонро дар робита бо қарор  додани  ҷавонон дар маркази афзалиятҳои худ дар самти рушд дастгирӣ кунад, то ки ҷавонон дорои малакаҳо ва имкониятҳои саҳми босамар дар рушди кишвари худ бошанд”.

Чорабинӣ ташаббуси  Лоиҳаи вусъатдиҳии имкониятҳои ҷавонон ва ташкили ҷойҳои корӣ дар Осиёи Марказӣ  мебошад, ки он аз ҷониби Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад ва дар доираи он дар давоми соли сипаришуда аллакай 4000  ҷавон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон оид ба соҳибкорӣ омӯзонида шуданд. Лоиҳа ба таъмини ҷавонон бо малакаҳои бурдани фаъолияти  соҳибкорӣ, фароҳам овардани имконияти истифодаи иқтидори эҷодӣ ва нерӯи худ ва дастгирии онҳо дар табдилдиҳии идеал ва ғояҳои худ ба амалҳои мушаххас дар соҳаи соҳибкорӣ, равона шудааст.

Дигар барномаи таълимӣ ба хизматчиёни  давлатии  сатҳи  миёна  нигаронида  шуда  онҳоро  бо  қобилияти  пешбурди  беҳтар  ва амалисозии сиёсати рушди бахши хусусӣ ба нафъи ҷавонон таъмин намуд.

Лоиҳа  аз ҳисоби  Ноиби президент оид ба рушди баробар, молия ва ниҳодҳои Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ   ва дар  ҳамкорӣ  бо  Кумитаи  давлатии  сармоягузорӣ  ва  идораи  амволи  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, амалӣ мегардад.

Форуми соҳибкории ҷавонон ба тақвиятдиҳии талошҳои ҷавонони тоҷик тавассути мубодилаи дониш ва иттилоот  мусоидат  намуд.Иштирокчиёни  мубоҳисаҳо  нисбати  рушди  соҳибкорӣ  ва  экосистемаи иноватсионӣ дар Тоҷикистон табодули афкор  карда  ба  масъалаҳои устовории  барномаҳои соҳибкории ҷавонон  диққати  махсус  доданд. 

Намояндагони  ширкатҳои  хусусӣ  дар  бораи  таҷрибаи  худ  оид  ба ташкили бизнес сухан ронда роҳ  ва самтҳои  таъмини муваффақиятро  дар фаъолияти соҳибкорони ҷавон баррасӣ  намуданд. 

Иштирокчиёни  ҷавон  бо  имкониятҳои  таҳсилот  дар  соҳаи  бизнес  ва  соҳибкории хусусӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд, аз он ҷумла ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои маҳаллӣ пешниҳод мегарданд, низ шинос шуданд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2017 дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон шудааст. Ба ин муносибат соли равон Кумитаи ҷавонон беш аз 130 чорабиниҳои гуногун баргузор мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.