Рустами Эмомалӣ муовинонашро ба навбатдории шабонарӯзӣ уҳдадор кард

Раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муовинони худ ва муовинони раисони чор ноҳияи пойтахтро ба навбатдории шабонарӯзӣ уҳдадор кард. Тамоми рақамҳои телефони робита бо ҷадвали навбатдорӣ дар торнамои расмии мақомоти шаҳрдорӣ – Dushanbe.tj нашр шудааст. Навбатдории муовинони раиси пойтахт ва муовинони раиси ноҳияҳои шаҳр то 28 феврали соли 2017 идома меёбад. Ин тадбир бо мақсади […]

Asia-Plus

Раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муовинони худ ва муовинони раисони чор ноҳияи пойтахтро ба навбатдории шабонарӯзӣ уҳдадор кард. Тамоми рақамҳои телефони робита бо ҷадвали навбатдорӣ дар торнамои расмии мақомоти шаҳрдорӣ – Dushanbe.tj нашр шудааст.

Навбатдории муовинони раиси пойтахт ва муовинони раиси ноҳияҳои шаҳр то 28 феврали соли 2017 идома меёбад.

Ин тадбир бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр,  зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо  ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон  дар мавсими зимистон андешида шудааст.

Барои ҳаллу фасли мушкилоти сокинони пойтахт, ки ба навбатдорон муроҷиат мекунанд, онҳо масъулияти шахсӣ доранд.

Раиси пойтахт ҳамчунин ба раҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» низ бо дархости роҳандозии навбатдории шабонарӯзӣ аз ҳисоби кормандони масъул дар мавсими зимистон муроҷиат кардааст.

Эзоҳ: рӯзҳои бидуни ситорача – навбатдорӣ аз соати 19-и шом то 8-и субҳ, рӯзҳо бо 1 ситорача (*) – навбатдорӣ аз 8-и субҳ то 17-и шом, рӯзҳо бо 2 ситорача (**) – навбатдорӣ аз соати 17-и шом то 8-и субҳ.

Ҷадвали навбатдорӣ бо суроғаи – http://dushanbe.tj/img/jadval-zguzaroni17.doc низ қобили дарёфт аст.

Ёдрас мекунем, ки навбатдории шабонарӯзӣ барои кормандони зертобеъро моҳи ноябри соли гузашта собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷорӣ карда буд. Бо дастури собиқ раиси пойтахт, ин навбатдориҳо бояд то 26 марти соли 2017 идома меёфтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.