Амалиёти муштараки «Тозакунӣ» дар пойтахти ҷумҳурӣ

Asia-Plus

Ситоди якҷояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, ғайриқонунӣ аз худ кардани замин ва ошкоркунии дигар ҳуқуқвайрокуниҳо амалиёти муштараки «Тозакунӣ» гузаронида истодааст.

Дар ҷараёни баргузории амалиёт риояи реҷаи шиносномавӣ дар шаҳр санҷида шуда, шахсоне, ки дар пойтахт қайди муваққатӣ надоранд, ошкор карда мешаванд. Амалиёт бо мақсади таҳти назорат гирифтани манзилҳои сокинони шаҳр, ки бидуни риояи қонунгузорӣ ба иҷора дода мешаванд ва зери назорати қатъӣ гирифтани муҳоҷирати дохилӣ аз минтақаҳо ба пойтахт амалӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» яке аз иштирокчиёни амалиёт, афсари ВКД-и ҷумҳурӣ хабар дод, танҳо дар ду рӯзи баргузории амалиёт дар маҳаллаҳои «Зарафшон» ва «Испечак» даҳҳо манзилҳое ошкор шудаанд, ки бидуни тартиб додани қарордоде ва мутаносибан пардохт накардани андоз аз ҷониби соҳибони ин хонаҳо ба иҷора дода шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар рафти гузаронидани амалиёт маълум гардидааст, ки дар бисёре аз хонаҳои истиқоматии баландошёнаю боҳашамат меъёри барқ бемаҳдуд дар ҳамом ва буғхонаҳо (сауна) бе ҳисобгиракҳои барқӣ истифода бурда шудаанд, ки ин ҳолатҳо боиси норасоии қувваи барқ ба аҳолӣ гаштааст.

«Ҳамчунин, дар рафти гузаронидани рейдҳо, инчунин ҳолатҳои зиёди худро дар қайди ҷои истиқомат нагузоштани шаҳрвандон, ғайриқонунӣ маскан шудани шаҳрвандон дар хонаҳои иҷора, вайрон намудани талаботҳои зиддисухторӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор карда шуда истодаанд», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, минбаъд ин чорабиниҳо идома дода шуда, шахсоне, ки талаботи меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро вайрон кардаанд, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ба воситаи барномаҳои махсуси телевизионӣ нишон дода мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.