Соли гузашта «Тоҷикматлубот» ҳудуди 2 ҳазор тонна сабзавоту мева содирот кард

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта ба хориҷи кишвар аз Тоҷикистон 1,7 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1,1 ҳазор тонна пиёз, 520,6 тонна зардолу ва 39,6 тонна гелос содирот шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, «Тоҷикматлубот» сол то сол ба фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар бозорҳои дохилу хориҷи кишвар густариш бахшида, шарикони асосии Иттифоқ Афғонистону Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.

«Соли гузашта ҳаҷми даромади умумии Иттифоқ дар ҳама самтҳо 90 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соле пештар аз ин 898 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст, – иброз дошт номбурда. – Соли гузашта аз ҳисоби пардохти андоз «Тоҷикматлубот» ба буҷети ҷумҳурӣ 35,3 млн. сомонӣ маблағ ворид кард».

Раиси Иттифоқ зикр кард, ки айни замон дар қаламрави кишвар дар соҳаи матлубот 73 бозор бо беш аз 16,3 ҳазор фурӯшгоҳҳо ва зиёда аз 3,7 ҳазор дӯкону мағозаҳо амал карда, соли 2016 ҳаҷми умумии даромади бозорҳо 22,8 млн. сомониро ташкил додааст.

Зимнан зикр гардид, ки «Тоҷикматлубот» дорои шабакаҳои хӯроки умумӣ низ буда, дар ҷумҳурӣ 187 корхонаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла 15 тарабхона, 57 чойхонаҳо ва 115 ошхона фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.