Подшоҳи Арабистони Саудӣ сафари ҳайати парлумони Тоҷикистонро фоли нек номид

АМИТ «Ховар»

Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд- Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Тоҷикистонро шарики муҳими Арабистони Саудӣ дар минтақа номид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар робита ба ин, Ходими ҳарамайни шарифайн ба масъулони девони подшоҳӣ, раиси Маҷлиси Шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои марбута дастур додааст, ки барои суръат бахшидани масъалаҳои ҳалталаб ва рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Тоҷикистон, хусусан дар самти густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳавасманду сафарбар намудани доираҳои соҳибкории мамлакат, инчунин тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Шукурҷон Зуҳуров зикр кардааст, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ беш аз пеш густариш меёбанд. «Мо омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун бо Арабистони Саудӣ бори дигар изҳор менамоем», – гуфтааст Ш. Зуҳуров.

Таъкид шудааст, ки ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир намудани ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Ал-Риёз, рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ҳамоиши соҳибкорону сармоягузорон ва тоҷирони ду кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки дар таҳкими муносиботи ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамзамон доир ба кумакҳои башардӯстонаи Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳоҷиёни тоҷик ва дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои сиёсию молиявии минтақа, назири Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки исломӣ оид ба рушд, ки дар онҳо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нақши муҳим дорад ва ҳамзамон Фонди Саудии рушд ва Маркази Подшоҳ Салмон оид ба кумакҳои башардӯстона ибрози назар намуда, миннатдорӣ баён кардааст.

Бо дахли густариши робитаҳои байнипарлумонӣ Шукурҷон Зуҳуров сафарҳои баландпояи ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудиро ба давлатҳои ҳамдигар унсури таркибии маҷмӯи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории созандаи байни ду кишвар арзёбӣ намуд.

Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд боздиди ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ин сафар барои таҳкими ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоямон фазои мусоид фароҳам меорад. Дар фарҷом Салмон ибни Абдуазиз оли Сауд ба миллати тоҷик суботи пойдор ва ба кишвари Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...