Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сардшавии обуҳаво

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ноустувории вазъи обуҳаво ва поинравии ҳарорат дар қаламрави кишвар дар рӯзҳои наздик маълумот медиҳад. Бино ба иттилои Кумита бо такя ба маълумотҳои пешгўии Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои аз 22 то 25 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ноустувории вазъи обуҳаво ва поинравии ҳарорат дар қаламрави кишвар дар рӯзҳои наздик маълумот медиҳад.

Бино ба иттилои Кумита бо такя ба маълумотҳои пешгўии Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои аз 22 то 25 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то – 8- 12 дар назар аст.

«Дар минтақаҳои алоҳидаи баландкӯҳҳо, хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона ҳарорати ҳаво то – 30 – 35   паст фаромада, дар ағбаҳои кӯҳӣ туман, яхбандӣ пешбинӣ мешавад ва ҳамчунин дар ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, бинобар он, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз сайру гашт, ҷамоварии ҳезум, шикор ва сафар кардан тавассути минтақаҳои куҳию осебпазир худдорӣ намуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳҳои кўҳӣ ва ағбаҳо маҳдуд карда шавад.

«Дар ҳолатҳои зарурӣ воситаҳои нақлиёт барои ҳаракат дар шароитҳои барфу яхбандӣ ва туманнокӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда шуда, ронандаҳо қоидаҳои бехатариро дар роҳҳо ҳатман риоя намоянд. Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо аз эҳтимолияти шикастани дарахтон, кандашавии хатҳои интиқоли барқ ва афтодани яхпораҳо аз биноҳои баландошёна бо эҳтиёт бошанд», – тавсия медиҳад Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ва рух додани ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои навбатдорони фаврӣ муроҷиат намоянд:

Навбатдорони Кумита- 111, 221-91-19, 223-13-11»

Навбатдорони Ситоди шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76

Навбатдорони Ситоди ВМКБ – код 3522 тел: 24057, 22744

Навбатдорони Ситоди вилояти Суғд- код 3422 тел: 51555, 57995

Навбатдорони Ситоди вилояти Хатлон – код 3222 тел: 23505, 27827

Навбатдорони Ситоди минтақаи Кулоб – код 3322 тел: 21656, 21657

Навбатдорони Ситоди минтақаи Рашт – код 3131 тел: 22374

Навбатдорони Ситоди минтақаи Ҳисор- код 3139 тел: 26074

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.