Муноқишаи ҷавонони тоҷику қирғиз баъди бозии футбол

Бозии дӯстонаи футбол миёни ҷавонони деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Кӯктоши нохияи Бодканди Қирғизистон ба муноқишаву занозанӣ анҷомид. Тавре як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита хабар дод, бозӣ рӯзи 22 январ доир гардида, миёни футболбозон ва мухлисон муноқиша сар мезанад ва ҷавонони аз ҳамдигар норозӣ ба сангпартоӣ сӯи ҳамдигар оғоз мекунанд, ки […]

Бозии дӯстонаи футбол миёни ҷавонони деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Кӯктоши нохияи Бодканди Қирғизистон ба муноқишаву занозанӣ анҷомид.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита хабар дод, бозӣ рӯзи 22 январ доир гардида, миёни футболбозон ва мухлисон муноқиша сар мезанад ва ҷавонони аз ҳамдигар норозӣ ба сангпартоӣ сӯи ҳамдигар оғоз мекунанд, ки дар натиҷа чандин нафар аз ҳарду тараф ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.

Кормандони милитсияи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд базудӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, вазъро зери назорат гирифтаанд ва мақомоти дахлдори ҳарду ҷониб сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Субҳи имрӯз фаъолони ҳарду тараф бо ҷавонон вохӯрдааанд, то ки минбаъд ба чунин ҳодисаҳо роҳ дода нашавад.

Ҳамчунин нимаи аввали имрӯз вохӯрии раиси шаҳри Исфара ва ҳокими Бодканд дар назар аст, ки дар он ҳодисаи мазкур баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар пайи ин муноқиша як манзил ва чаҳор мошини мутааллиқ ба сокинони ду тарафи марз зарар дидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.