Намояндаи Тоҷикистон дар озмуни «Зеботарин шоҳмотбоззан»

  Айни замон дар торнамои chess.pw овоздиҳии кушод идома ва намояндаи Тоҷикистон аз рақибонаш камтар хол касб карда ва ба дастгирии мухлисон умедвор аст. Дар ин озмун шоҳмотбоззанон аз Эрон, Лаҳистон (Полша), Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ ширкат варзида, феълан шоҳмотбоззани ҳиндӣ Диани Дэви (Dhyani Dave) пешсаф аст. Мутриба Ҳотамӣ духтари шоҳмотбоззани маъруф Саодат […]

 

Айни замон дар торнамои chess.pw овоздиҳии кушод идома ва намояндаи Тоҷикистон аз рақибонаш камтар хол касб карда ва ба дастгирии мухлисон умедвор аст.

Дар ин озмун шоҳмотбоззанон аз Эрон, Лаҳистон (Полша), Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ ширкат варзида, феълан шоҳмотбоззани ҳиндӣ Диани Дэви (Dhyani Dave) пешсаф аст.

Мутриба Ҳотамӣ духтари шоҳмотбоззани маъруф Саодат Одинаева буда, чандин маротиба қаҳрамони Тоҷикистон ва дар Олимпиадаи байнулмилалии шоҳмот иштирок кардааст. Соли 1997 дар Душанбе ба дунё омадааст. Рейтинги ҷориаш – 1762 (зинаи 4-ум миёни шоҳмотбоззанони Тоҷикистон).

Бино ба маълумоти масъули ташкили ин чорабинӣ, қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун идома дорад.

«Шумо метавонед номзадҳои худро ба мо тавсия диҳед ё худи шоҳмотбоззанон метавонанд ба емайл: [email protected]и мо мактуб навишта, якчанд аксҳояшонро (мувофиқи имкон аксҳои босифат) ирсол намоянд. Розигии шахсии иштирокчӣ ҳатмист!», – иттилоъ медиҳанд масъулини ташкили озмун.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш овоздиҳӣ дар озмуни зеботарин шоҳмотбоззани кишварҳои узви ИДМ ба итмом расида, зинаи аввалро дар он намояндаи Ӯзбекистон – Гулрухбегим Тоҳирҷонова ишғол кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.