Тоҷикистон аз имконоти Иттиҳоди Аврупо самаранок истифода мекунад

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Бурианро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилоихадамоти матбуоти сарвари давлат, ба сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, ҳарду ҷониб аз тамоюли густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Тавре таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон барои рушду густариши муносибатҳои дӯстона ва фаъоли худ бо Иттиҳоди Аврупо талоши зиёд ба харҷ дода, дар ин замина аз имконоти Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Муколамаҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамдастӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Кумитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ самаранок истифода менамояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Барномаи индикативии бисёрсола барои давраи то соли 2020 ва Стратегияи минтақавии Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Аз болоравии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори хушнудӣ карда, ҷанибҳо ҷиҳати тақвияти муносибатҳо дар роҳи кам кардани таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Ҳамчунин барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ҳавасмандӣ зоҳир гардида, дар ин самт тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар риштаҳои фанҳои дақиқ ва технологияҳои нав манфиатбор арзёбӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин ба раванди мубориза бар зидди хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бештар мусоидат менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...