Ним миллион доллари БОР барои таҳияи лоиҳаи беҳбуди вазъи саноати маҳсулоти ширӣ

Бонки осиёгиирушд (БОР) барои таҳияи заминаи фанниву иқтисодии лоиҳаи сармогузорӣ дар самти беҳбуди вазъи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва устувории он ба тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон ним миллион доллар ҷудо мекунад. Тавре аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, аз ҳисоби кумаки техникии грантӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор доллар заминаи фанниву иқтисодии лоиҳаи пешниҳодмешудаи сармоягузорӣ таҳия […]

Asia-Plus

Бонки осиёгиирушд (БОР) барои таҳияи заминаи фанниву иқтисодии лоиҳаи сармогузорӣ дар самти беҳбуди вазъи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва устувории он ба тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон ним миллион доллар ҷудо мекунад.

Тавре аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, аз ҳисоби кумаки техникии грантӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор доллар заминаи фанниву иқтисодии лоиҳаи пешниҳодмешудаи сармоягузорӣ таҳия мешавад.

«Иқтисоди Тоҷикистон хеле зиёд ба бахши кишоварзӣ вобаста аст, ки соли 2014 қариб 30%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва беш аз 65%-и шуғли аҳолӣ ба он рост омада буд, – иброз доштааст Самчана Шреста, сариқтисодчии департаменти БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ. – Саноати маҳсулоти ширӣ асосан бо сабаби сармоягузориҳои маҳдуд ва дастрасӣ ба қарзҳо, донишу малакаҳои нокофӣ дар бахши тиҷорат ва робитаи суст бо бозор ба таври қобили мулоҳиза рушд намекунад».

Дар назар аст, ки лоиҳаи мазкур ба афзоиши истеҳсоли шир ва маҳсулоти ширӣ, гуногунсозии навъҳои маҳсулоти он ва беҳбуди дастрасӣ ба бозорҳо кумаку мусоидат намуда, лоиҳа ҳамчунин ба беҳтар гардонидани вазъи идоракунии чарогоҳҳо ва зиёд кардани имконоти ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар шаҳру деҳот равона шудааст.

Дар доираи лоиҳа кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки аз кор мондани заминҳо бинобар сабаби беҳад зиёд чаронидани чорво дар он коҳиш дода шуда, ба корҳои истеҳсоли хӯроки чорвои ҳосилнокии баланду бештар тобовар ба тағйирёбии иқлим ва беҳбуди вазъи чарогоҳҳо тақвият бахшида шавад.

Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур аз бахши шарикии давлативу хусусӣ дастгирӣ хоҳад шуд. Пешниҳоди лоиҳа барои маъқулшуморӣ аз ҷониби Шӯрои мудирони БОР охири соли 2017 дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.