Мукофоти президенти Ӯзбекистон ба фаъолони марказҳои фарҳангии тоҷикон

Як гурӯҳе аз фаъолони марказҳои фарҳангии Ӯзбекистон аз ҷумла 2 нафар фаъолони марказҳои фарҳангии тоҷикон барои саҳмгузорӣ дар таҳкими фазои таҳаммулпазирӣ дар ин кишвар бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд. Зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Маркази ҷумҳуриявии интернатсионалии фарҳангӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор доштааст, ки дар рушди симои хоси этникӣ ва ҳамоҳангсозии […]

Asia-Plus

Як гурӯҳе аз фаъолони марказҳои фарҳангии Ӯзбекистон аз ҷумла 2 нафар фаъолони марказҳои фарҳангии тоҷикон барои саҳмгузорӣ дар таҳкими фазои таҳаммулпазирӣ дар ин кишвар бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.

Зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Маркази ҷумҳуриявии интернатсионалии фарҳангӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор доштааст, ки дар рушди симои хоси этникӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо 137 маркази миллии фарҳангӣ нақши арзандаву муҳим доранд.

Гуфта мешавад, Абдурасул Эргашев, раиси маркази миллии тоҷикони вилояти Қашқадарё, профессори кафедраи автоматика ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи муҳандисӣ-иқтисодии Қаршӣ бо ордени «Дӯстлик» қадрдонӣ шудааст.

Анвар Муродов, яке аз фаъолони маркази милли фарҳангии тоҷикони вилояти Намангон, хабарнигори газетаи «Овози тоҷик» дар ин вилоят бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардонида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.