Содироти беш аз 8 фоизи нерӯи барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар

Соли гузашта аз Тоҷикистон беш аз 1,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки асосан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон рост меояд. Тавре вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода хабар дод, соли 2016 ҳаҷми умумии содироти барқ 1 млрд. 427,3 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли гузашта аз Тоҷикистон беш аз 1,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки асосан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон рост меояд.

Тавре вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода хабар дод, соли 2016 ҳаҷми умумии содироти барқ 1 млрд. 427,3 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 138,3 млн. кВт/соат зиёдтар аст.

«Аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи соли гузашта дар Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 8 фоизаш ба хориҷи кишвар, асосан ба Афғонистон содирот шуда, соли пеш ба ин кишвар 1 млд. 323,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд. Қисмати боқимондаи нерӯи барқи содиротшуда ба Қирғизистон рост меояд», – иброз дошт ӯ.

Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар итминон дод, ки Тоҷикистон нерӯи барқро танҳо дар мавсими тобистон ба хориҷи кишвар интиқол додааст, ки дар ин вақт дар ҷумҳурӣ истеҳсоли нерӯи барқ барзиёд аз талаботи худи кишвар аст.

Дар ҳамин ҳол, соли 2016 дар Тоҷикистон ба сурати умум 17 млрд. 240,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки беш аз 14,4 млрд. кВт/соат – ба корхонаҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик», ҳудуди 2 млрд. кВт/соат ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», 717 млн. кВт/соат – ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ва 167 млн. кВт/соат ба ширкати «Помир энержи» рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.