Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, ки ба Жакшилик Шералиеви 7-сола, ки волидонаш рӯзи 16 январ бар асари садамаи ҳавопаймо дар наздикии Бишкек ба ҳалокат расиданд, фаъолони ҷавон аз Тоҷикистон бозичаҳову мактуб мефиристанд. Чанде аз номаҳои тоҷикистониёни хурдсол дар сомонаи Вазорат ҷой дода шудааст.

Яке аз фаъолони ҷомеа Парвин Эргашева ба сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон бо дархости ба ин писарбача супурдани номаву китоб ва расмҳо муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки ӯ намояндаи ҷамъияти интеретии «Мо тоҷикистонием» аст, ки ҳудуди 14 ҳазор нафар аъзои он мебошанд.

Ӯ зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон бисёре аз одамон ба оилаҳои қирғизистониҳо, ки наздикони худро бар асари ин садама аз даст додаанд, ҳамдардӣ изҳор карда, хостори кумак ба онҳоянд, вале барои ҷамъоварӣ ва супурдани он имкон нест. Ба ҳар ҳол, ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе 250 доллар, се китоб ва ҳамчунин бозичаҳову расмҳои аз ҷониби кӯдакон офаридашударо ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар номаҳои худ кӯдакони тоҷикистонӣ ба Жакшилик ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, ӯро ба дӯстӣ ва мукотиба даъват мекунанд, то ки ғамгин набошад.
Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Динора Кемелова бо Жакшилик Шералиев ва бобои ӯ вохӯрда воситаҳои пулӣ, туҳфа ва номаҳои кӯдакони тоҷикистониро ба онҳо супурдааст.

Дар навбати худ онҳо ба намояндагони Тоҷикистон барои дастгириву орзуҳои нек миннатдорӣ изҳор кардаанд.



