Номаҳои кӯдакони Тоҷикистон ба Жакшилики ятиммонда

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, ки ба Жакшилик Шералиеви 7-сола, ки волидонаш рӯзи 16 январ бар асари садамаи ҳавопаймо дар наздикии Бишкек ба ҳалокат расиданд, фаъолони ҷавон аз Тоҷикистон бозичаҳову мактуб мефиристанд. Чанде аз номаҳои тоҷикистониёни хурдсол дар сомонаи Вазорат ҷой дода шудааст. Яке аз фаъолони ҷомеа Парвин Эргашева ба сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон […]

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, ки ба Жакшилик Шералиеви 7-сола, ки волидонаш рӯзи 16 январ бар асари садамаи ҳавопаймо дар наздикии Бишкек ба ҳалокат расиданд, фаъолони ҷавон аз Тоҷикистон бозичаҳову мактуб мефиристанд. Чанде аз номаҳои тоҷикистониёни хурдсол дар сомонаи Вазорат ҷой дода шудааст.

Яке аз фаъолони ҷомеа Парвин Эргашева ба сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон бо дархости ба ин писарбача супурдани номаву китоб ва расмҳо муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки ӯ намояндаи ҷамъияти интеретии «Мо тоҷикистонием» аст, ки ҳудуди 14 ҳазор нафар аъзои он мебошанд.

Ӯ зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон бисёре аз одамон ба оилаҳои қирғизистониҳо, ки наздикони худро бар асари ин садама аз даст додаанд, ҳамдардӣ изҳор карда, хостори кумак ба онҳоянд, вале барои ҷамъоварӣ ва супурдани он имкон нест. Ба ҳар ҳол, ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе 250 доллар, се китоб ва ҳамчунин бозичаҳову расмҳои аз ҷониби кӯдакон офаридашударо ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар номаҳои худ кӯдакони тоҷикистонӣ ба Жакшилик ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, ӯро ба дӯстӣ ва мукотиба даъват мекунанд, то ки ғамгин набошад.

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Динора Кемелова бо Жакшилик Шералиев ва бобои ӯ вохӯрда воситаҳои пулӣ, туҳфа ва номаҳои кӯдакони тоҷикистониро ба онҳо супурдааст.

Дар навбати худ онҳо ба намояндагони Тоҷикистон барои дастгириву орзуҳои нек миннатдорӣ изҳор кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.