Рустами Эмомалӣ алҳол муддати 1 сол узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда наметавонад

Писари калонии президент Рустами Эмомалӣ, ки мақомоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистонро ба раҳбарӣ гирифт,  ҳадди ақал то охири сол узви палатаи болоии парлумон шуда наметавонад. Аксари коршиносон бо назардошти дар як вақт узви палатаи болоии парлумон будани раисони вилояту ноҳия ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, интизорӣ доранд, ки Рустами Эмомалӣ низ ояндаи наздик узви Маҷлиси миллӣ интихоб […]

Писари калонии президент Рустами Эмомалӣ, ки мақомоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистонро ба раҳбарӣ гирифт,  ҳадди ақал то охири сол узви палатаи болоии парлумон шуда наметавонад.

Аксари коршиносон бо назардошти дар як вақт узви палатаи болоии парлумон будани раисони вилояту ноҳия ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, интизорӣ доранд, ки Рустами Эмомалӣ низ ояндаи наздик узви Маҷлиси миллӣ интихоб хоҳад шуд.

Аммо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар шарҳи ин масъала изҳор намуданд, ки шаҳрвандони синни на камтар аз 30-сола узви палатаи болоии парлумони кишвар интихоб шуда метавонанд.

Хотиррасон шуд, ки тибқи тағйироти воридшуда ба Конститутсия дар маъракаи раъйпурсии умумихалқиии санаи 22 майи соли гузашта, синни узви Маҷлиси миллӣ аз 35 то 30-сола поин бурда шуд, вале раиси нави пойтахт ҳоло 30-сола нест.

Рустами Эмомалӣ санаи 19 декабри соли 1987 таваллуд шуда, мутаноситбан моҳи декабр 30-сола мешавад ва то ин вақт узви палатаи болоии парлумон интихоб шуда наметавонад.

Ёдрас мекунем, ки айни замон узви Маҷлиси миллӣ аз Душанбе ва ҳамзамон раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошад, ки шахси дуюми давлат ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 16 феврал даъват шудани иҷлосияи навбатии нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор ба имзо расонид.

Дар иҷлосия ҳисоботи прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон доир ба риояи қонун дар соли 2016 шунида мешавад. Ғайр аз ин, аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои ҳукумат дар бораи табдили номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҳамчунин қонунҳои аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшударо низ баррасӣ хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.