Президент рамзи ҷашни Наврӯз-2017-ро тасдиқ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2017-ро тасдиқ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба вазорату идораҳо, муассисаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки дар чорабиниҳо ба муносибати ин ҷашн аз рамзи мазкур истифода намоянд. […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2017-ро тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба вазорату идораҳо, муассисаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки дар чорабиниҳо ба муносибати ин ҷашн аз рамзи мазкур истифода намоянд.

Қобили зикр аст, ки чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии ҷашни Наврӯз имсол дар шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд. Раиси шаҳр Суҷоуддин Саломзода дар ин робита ба журналистон изҳор намуда буд, ки дар барномаи фарҳангии ҷашн намояндагони кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон иштирок карда, аз ташрифи як ҳайати сершумори Ӯзбекистон интизорӣ меравад.

Ба гуфтаи ӯ, то ҷашни Наврӯз беш аз 1 километр кӯчаҳои шаҳри Турсунзода ба гулгаштҳо табдил меёбанд. Дар ҳамаи ҷамоатҳо ҷашн пуршукӯҳ таҷлил гардида, ба муносибати ид мусобиқаҳои бузкашӣ ва гуштигирӣ гузаронда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.