Путин ҷонибдори наздикшавии ҳарчи бештари минтақаҳои Русия бо Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар назар аст, имзои як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар аст.

«Ҳарду ҷониб ба сафари президенти Русия Владимир Путин омодагӣ гирифта, як бастаи комили созишномаҳои гуногун барои имзо мавриди таҳия қарор дорад», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.

Ӯ қайд кард, ки давоми 15 сол миёни Тоҷикистону Русия, бахусус дар бахши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ  заминаи қобили мулоҳизаи ҳуқуқии муносибатҳо бунёд шуда, дар ҷараёни сафари сарвари давлати Русия баимзорасии якчанд созишномаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо чанде аз минтақаҳои бузурги ин кишвар пешбинӣ мешавад.

Вазир қайд кард, ки тайи ду соли ахир ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия коҳиш ёфта, соли гузашта ин нишондиҳанда каме бештар аз 1 млрд. долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2015 ба миқдори 6,3% камтар мебошад.

«Бо вуҷуди ин, Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, соли 2016 ҳиссаи ин кишвар дар ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ 26,4%-ро ташкил дод, – иброз дошт вазир. – Ин рақамҳо илҳомбахш буда, мо чунин мешуморем, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар, ин нишондиҳандаи хуб аст ва бо назардошти пешгӯиҳои рушди иқтисоди Русия дар соли 2017, мо бояд ҳаҷми муомилоти молиро афзоиш диҳем».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?

Шарҳи ҳафт масъалаи муҳиму рӯзмарра дар бораи гирифтани ҷубронпулӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...