Путин ҷонибдори наздикшавии ҳарчи бештари минтақаҳои Русия бо Тоҷикистон

Зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар назар аст, имзои як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар аст. «Ҳарду ҷониб ба сафари президенти Русия Владимир Путин омодагӣ гирифта, як бастаи комили созишномаҳои гуногун барои имзо мавриди таҳия қарор дорад», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири […]

Зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар назар аст, имзои як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар аст.

«Ҳарду ҷониб ба сафари президенти Русия Владимир Путин омодагӣ гирифта, як бастаи комили созишномаҳои гуногун барои имзо мавриди таҳия қарор дорад», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.

Ӯ қайд кард, ки давоми 15 сол миёни Тоҷикистону Русия, бахусус дар бахши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ  заминаи қобили мулоҳизаи ҳуқуқии муносибатҳо бунёд шуда, дар ҷараёни сафари сарвари давлати Русия баимзорасии якчанд созишномаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо чанде аз минтақаҳои бузурги ин кишвар пешбинӣ мешавад.

Вазир қайд кард, ки тайи ду соли ахир ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия коҳиш ёфта, соли гузашта ин нишондиҳанда каме бештар аз 1 млрд. долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2015 ба миқдори 6,3% камтар мебошад.

«Бо вуҷуди ин, Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, соли 2016 ҳиссаи ин кишвар дар ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ 26,4%-ро ташкил дод, – иброз дошт вазир. – Ин рақамҳо илҳомбахш буда, мо чунин мешуморем, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар, ин нишондиҳандаи хуб аст ва бо назардошти пешгӯиҳои рушди иқтисоди Русия дар соли 2017, мо бояд ҳаҷми муомилоти молиро афзоиш диҳем».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.