Густариши ҷанбаҳои омӯзиши масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ИИАО

Масъалаи омӯзиши ҷараёни узвият ва фаъолияти Қирғизистону Арманистон дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар Тоҷикистон идома дорад. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки масъалаи узвияти имконпазири Тоҷикистон ба ин Иттиҳод дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад. «Мо дар ин бора чандин маротиба изҳори назар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Масъалаи омӯзиши ҷараёни узвият ва фаъолияти Қирғизистону Арманистон дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар Тоҷикистон идома дорад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки масъалаи узвияти имконпазири Тоҷикистон ба ин Иттиҳод дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.

«Мо дар ин бора чандин маротиба изҳори назар кардем, – гуфт ӯ. – Ин ҷараёни мароқангез аст, зеро тайи солҳои ахир Арманистону Қирғизистон ба ин Иттиҳод шомил шуда, таҷрибаи онҳо барои Тоҷикистон хеле муфид аст ва айни замон мо ҷанбаҳои омӯзиши ин масъаларо васеъ кардем».

Зимнан зикр гардид, ки Тоҷикистон алҳол ба баргузор намудани гуфтушунидҳо дар ин самт ташаббус зоҳир накардааст.

Қаблан дар Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуда буданд, ки пеш аз пайвастан ба ин ё он иттиҳоду созмон, пешакӣ шарту шароит ва қоидаҳои мавҷуда дар онро омӯхтан зарур аст.

«Мо бояд донем, ки ба ин бозори ягона чӣ гуна маҳсулот пешниҳод карда метавонем. Масалан, ба мутобиқати маҳсулоти кишоварзиамон ба меъёрҳои ин бозор айни замон шубҳа дорам, яъне мо алҳол ба пешниҳоди маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои ин Иттиҳод омода нестем», – иброз дошта буд муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Каримзода.

Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Соли 2016  Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио