Сегоникҳоро ба ифтихори Ислом Каримов – Исломҷон, Абдуғанӣ ва Каримҷон ном гузоштанд

Дар як оилае аз вилояти Андиҷон сегоникҳои хурдсолро ба ифтихори нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримов – Исломҷон, Абдуғанӣ ва Каримҷон ном гузоштанд, хабар медиҳад CA-news бо истинод ба маъмурияти ин вилоят. Раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов рӯзи 30 январ, санаи таваллуди аввалин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба хонаи ин оила ташриф оварда, аз ҳолу […]

Дар як оилае аз вилояти Андиҷон сегоникҳои хурдсолро ба ифтихори нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримов – Исломҷон, Абдуғанӣ ва Каримҷон ном гузоштанд, хабар медиҳад CA-news бо истинод ба маъмурияти ин вилоят.

Раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов рӯзи 30 январ, санаи таваллуди аввалин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба хонаи ин оила ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи сегоникҳо воқиф гардид.

«Мо хеле хурсандем, ки маъмуриятҳои вилояту ноҳия ва сокинони маҳалла ба ин масъала таваҷчуҳ зоҳир мекунанд, – гуфтааст модари сегоникҳо Фотимахон. – Табибон ҳам ҳамарӯза аз ҳоли мо хабар гирифта, бародарони калонии сегоникҳо – Машҳурбек, Самандар, Искандар ва Мансурбек дар вақтҳои холӣ аз дарсу машғулиятҳо онҳоро нигоҳубин ва ба корҳои хона кумак мекунанд».

Қобили зикр аст, ки санаи 30 январ зодрӯзи нахустин президенти Ӯзбекистон аст ва дар ин рӯз ӯ 79-сола мешуд. Дар ин рӯз дар Самарқанд ҳазорон нафар ба зиёрати қабри ӯ омада, дар саросари кишвари ҳамсоя ба хотири ёдбуди Ислом Каримов чорабиниҳои гуногун доир гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.