Сабаби коҳиши истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон камшавии талаботи Украина аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли равон Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалияро дар муқоиса бо соли 2016 тақрибан ба миқдори 40% афзоиш ва то ба 179 ҳазор тонна расониданист.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2016 дар Тоҷикистон 129,3 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2015 (139,1 ҳазор тонна) ба андозаи 7,2% камтар аст.

«Сабабҳои коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар соли гузашта ба «вазъи манфии нархҳо дар бозор» вобаста аст, ки пеш аз ҳама ба камшавии ҳаҷми истифодаи харидорони асосии ин маҳсулот марбут аст, – иброз дошт ӯ. – Талаботи Украина, ки харидори маъмули мост ва ҳамчунин Ӯзбекистону Қазоқистон ва Арманистон, ки маснӯот аз алюминийро харидорӣ мекарданд, ба ин навъи металл кам шуд».

Ғайр аз ин, вазир ноустувории нархи алюминий дар бозори ҷаҳониро низ аз ҷумлаи ин сабабҳо унвон карда, таъкид дошт дошт, ки нархи алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз 1 ҳазору 654 доллар дар соли 2015 то ба 1 ҳазору 605 доллар барои 1 тонна дар соли 2016 поин рафт.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода низ сабабҳои коҳиши истеҳсоли алюминийро ба поинравии нарх ва талабот ба ин металл нисбат дода буд.

«Нархҳо поин рафта, мутаносибан хароҷоти истеҳсолот зиёд мешавад ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоте, ки арзон мешаваду талабот ба он кам аст, мувофиқи мақсад нест», – иброз дошта буд вазир.

Соли 2016 истеҳсоли 158 ҳазор тонна металл пешбинӣ гардида, аммо аввалҳои нимаи дуюми соли гузашта раҳбарияти ТАЛКО дар бораи коҳиши ҳаҷми истеҳсол маълумот дод, то ки аз талафот (зарар), ки ҳаҷми умумиаш 30 млн. доллар арзёбӣ шуд, пешгирӣ карда шавад.

Дар ширкат пешбинӣ гардида буд, ки то охири сол ба ивази 158 ҳазор тоннаи қаблан пешбинишуда 150 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол мешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир ТАЛКО ба вазъи мушкили моливу иқтисодӣ дучор шуда, истеҳсоли алюминий аз 420 ҳазор тонна дар соли 2007 то ба 125 ҳазор тонна дар соли 2014 коҳиш ёфт.

Харидори асосии алюминии Тоҷикистон Туркия буда, ин металл ҳамчунин ба Тайван, Эрон, Ҷазираҳои Вирҷиния, Ӯзбекистон, Покистон ва дигар кишварҳо содирот мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...