Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 10-00.

– Дар бинои ШСХК «Барқи тоҷик» доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти матбуотӣ барпо мешавад. Оғоз соати 16-00;

– Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои фтуболи «Ҳосилот» (Фархор, Тоҷикистон) ва «Шоҳин Асмоӣ» (Кобул, Афғонистон) бозии даври интихобии Ҷоми КФО-2017 доир мегардад. Оғози бозӣ соати 17-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9021 сомонӣ;

1 евро – 8.4031 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1289 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1865 — Манъи ғуломӣ дар ИМА.

1918 — Дар Русия тақвими григорианӣ ( солшумории нав) ҷорӣ карда шуд.

1927 — Ташкили ноҳияи Исфара дар Тоҷикистон (феълан дар ҳайати вилояти Суғд).

1989 — Парвози мунтазами ҳавопаймои бузургтарини мусофирбар дар ҷаҳон «Боинг 747-400» оғоз гардид.

2002 — Дар Тоҷикистон истгоҳи аввалини рақамии телефонӣ ба истифода дода шуд.

1935 — Зодрӯзи нависанда ва журналисти русзабони Тоҷикистон Борис Пшеничный, ки муддати зиёд ба ҳайси сардабири рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистана» ва «Коммунист Таджикистана» фаъолият дошт.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4-9, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -7-12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон боришот (борон, барф), рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан арфи тар меборад, рӯзона бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0+2.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...