Сегоникҳоро ба ифтихори Ислом Каримов – Исломҷон, Абдуғанӣ ва Каримҷон ном гузоштанд

Asia-Plus

Дар як оилае аз вилояти Андиҷон сегоникҳои хурдсолро ба ифтихори нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримов – Исломҷон, Абдуғанӣ ва Каримҷон ном гузоштанд, хабар медиҳад CA-news бо истинод ба маъмурияти ин вилоят.

Раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов рӯзи 30 январ, санаи таваллуди аввалин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба хонаи ин оила ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи сегоникҳо воқиф гардид.

«Мо хеле хурсандем, ки маъмуриятҳои вилояту ноҳия ва сокинони маҳалла ба ин масъала таваҷчуҳ зоҳир мекунанд, – гуфтааст модари сегоникҳо Фотимахон. – Табибон ҳам ҳамарӯза аз ҳоли мо хабар гирифта, бародарони калонии сегоникҳо – Машҳурбек, Самандар, Искандар ва Мансурбек дар вақтҳои холӣ аз дарсу машғулиятҳо онҳоро нигоҳубин ва ба корҳои хона кумак мекунанд».

Қобили зикр аст, ки санаи 30 январ зодрӯзи нахустин президенти Ӯзбекистон аст ва дар ин рӯз ӯ 79-сола мешуд. Дар ин рӯз дар Самарқанд ҳазорон нафар ба зиёрати қабри ӯ омада, дар саросари кишвари ҳамсоя ба хотири ёдбуди Ислом Каримов чорабиниҳои гуногун доир гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...