Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон торафт бештар мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфта, ҳамзамон воридоти гази моеъ зиёд мешавад. Дар муқоиса бо соли 2015 соли 2016 ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ 11% кам шуда, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти гази моеъ 3% афзудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, соли 2016 ба Тоҷикистон беш аз 472 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки аз ин миқдор ҳудуди 45%-ашро – сӯзишвории дизелӣ, беш аз 40%-ашро – бензин, қариб 8%-ро – сӯзишвории реактивӣ, 3,3%-ашро – равғанҳои молиданӣ ва 3,5%-ро – дигар навъҳои сӯзишворӣ ташкил медиҳанд.

Ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ асосан аз Русия ворид мешавад, ки 88% аз ҳаҷми умумӣ ба ин кишвар рост омада, миқдори боқимондаи маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистону Қазоқистон ва Беларусу Қирғизистон интиқол дода мешавад.

Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори қариб 10 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Беш аз 70%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон ворид шуда, ҳамчунин ба миқдори начандон зиёд гази моеъ аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон низ оварда шудааст.  

Қобили зикр аст, ки тайи чор соли ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 3,3 маротиба – аз 82 ҳазор тонна дар соли 2012 то ба 350 ҳазор тонна дар соли 2016 афзуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ дар ин давра тақрибан 30% кам шуд.

Давоми соли охир бошад, ҳиссаи воситаҳои нақлиёте, ки ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд, аз 40% то ба 60% боло рафт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...