Барои тарбияи «нодуруст»-и кӯдакон 474 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Date:

Соли 2016 дар Тоҷикистон барои тарбияи «нодуруст»-и кӯдакон нисбати падару модарон ва муассисаҳои таълимиву маориф 474 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Муовини аввали прокурори генералии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта аз рӯи масоили риояи меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» 2 ҳазору 900 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ ҷалб шудаанд.

Ӯ қайд кард, ки соли гузашта аз ҷониби наврасону ноболиғон 693 ҷиноят содир карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 – 49 ҷиноят камтар аст.

Қаблан раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён хабар дода буд, ки соли 2016 барои тарбияи «нодуруст»-и кӯдакон зиёда аз 8,5 ҳазор нафар падару модарон бо қарори суд ҷаримабандӣ шуда, аз ин ҳисоб буҷети давлатӣ беш аз 1 млн. сомонӣ даромад гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...