Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таҳияи лоиҳаи нави Кодекси ҷиноӣ

Бо қарори президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Кодекси ҷиноии Тоҷикистон нав шуда, дар кодекси нав сабуктар шудани ҷазо барои баъзе ҷиноятҳо пешбинӣ шудааст. Сармушовир оид ба масоили ҳуқуқии дастгоҳи ёварони президенти ҷумҳурӣ Содиқ Шоҳназаров дар ин робита изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон бо мақсади таҳияи лоиҳаи нави Кодекси ҷиноӣ гурӯҳи кории иборат аз олимони маъруфи соҳаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо қарори президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Кодекси ҷиноии Тоҷикистон нав шуда, дар кодекси нав сабуктар шудани ҷазо барои баъзе ҷиноятҳо пешбинӣ шудааст.

Сармушовир оид ба масоили ҳуқуқии дастгоҳи ёварони президенти ҷумҳурӣ Содиқ Шоҳназаров дар ин робита изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон бо мақсади таҳияи лоиҳаи нави Кодекси ҷиноӣ гурӯҳи кории иборат аз олимони маъруфи соҳаи ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шудааст.

«Дар Кодекси нави ҷиноии Тоҷикистон бо супориши сарвари давлат башардӯстона кардани ҷазо ва аз сафи ҷиноятҳо берун кардани баъзе моддаҳои Кодекси амалкунанда пешбинӣ шудааст, – иброз дошт ӯ. – Лоиҳаи Кодекси нав бояд ҳамин сол омода шавад».

Аз рӯзи қабули Кодекси ҷиноии амалкунандаи Тоҷикистон дар соли 1998 то имрӯз ба он садҳо тағйироту илова ва тасҳеҳҳо ворид карда шуданд. Моҳи марти соли 2012 бо пешниҳоди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моддаҳои 135 (туҳмат) ва 136 (таҳқир) бекор шуда, аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.