Барои тарбияи «нодуруст»-и кӯдакон 474 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Соли 2016 дар Тоҷикистон барои тарбияи «нодуруст»-и кӯдакон нисбати падару модарон ва муассисаҳои таълимиву маориф 474 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Муовини аввали прокурори генералии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта аз рӯи масоили риояи меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» 2 ҳазору 900 нафар ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Соли 2016 дар Тоҷикистон барои тарбияи «нодуруст»-и кӯдакон нисбати падару модарон ва муассисаҳои таълимиву маориф 474 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Муовини аввали прокурори генералии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта аз рӯи масоили риояи меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» 2 ҳазору 900 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ ҷалб шудаанд.

Ӯ қайд кард, ки соли гузашта аз ҷониби наврасону ноболиғон 693 ҷиноят содир карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 – 49 ҷиноят камтар аст.

Қаблан раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён хабар дода буд, ки соли 2016 барои тарбияи «нодуруст»-и кӯдакон зиёда аз 8,5 ҳазор нафар падару модарон бо қарори суд ҷаримабандӣ шуда, аз ин ҳисоб буҷети давлатӣ беш аз 1 млн. сомонӣ даромад гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.