Ошкор шудани 30 млн. доллар зиён дар сохторҳои давлатӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аудиторони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли гузашта дар ҷараёни 530 санҷишҳо дар вазорату идораҳо, ҳамчунин дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи ҳудуди 224 млн. сомонӣ (наздики 30 млн. доллар) зиёни молиявӣ ошкор кардаанд.

Муовини раиси Палатаи ҳисоб Зафар Азимӣ дар ин робита изҳор дошт, ки аз ҷумла ба маблағи беш аз 85,6 млн. сомонӣ ғайриқонунӣ хароҷот кардани воситаҳои давлатӣ, зиёд нишон додани ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон (92 млн. сомонӣ), кам нишон додан ва рӯйпӯш сохтани маблағҳои пардохти андоз (37,2 млн. сомонӣ), талафи воситаҳои моливу пулӣ аз фаъолияти хоҷагидории нодуруст (4,9 млн. сомонӣ), камбуд (дуздӣ)-и воситаҳои моливу пулӣ (беш аз 1,6 млн. сомонӣ) ва ғайра ошкор карда шудаанд.

Зимни санҷишҳо дар Агентии хариди давлатии молу кор ва хизматрасониҳои назди ҳукумат, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат ва Академияи илмҳои кишоварзии Вазорати кишоварзӣ маблағҳои нисбатан зиёди зарари молиявӣ ошкор карда шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди ҳукумат аудиторони Палатаи ҳисоб дар ҳаҷми наздики 30 млн. сомонӣ зиёнро ошкор карда, ҳудуди 83 маводи санҷишҳои аудиторӣ ҷиҳати чораҷӯйӣ ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...