Ш.Зуҳуров: Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу ризоят дар Афғонистон аст

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, имрӯз дар партави талошҳои муштараки Сарони ду кишвар […]

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, имрӯз дар партави талошҳои муштараки Сарони ду кишвар ва натиҷаҳои вохӯриҳои сатҳи олӣ ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бемайлон густариш меёбанд ва дар ростои манофеи мардумони ду кишвар самтҳои навро фаро мегиранд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намудааст, ки бештари тарҳҳои иқтисодӣ ва зерсохтории иҷтимоӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ, ки дар Тоҷикистон татбиқ шудаанд ва ё дар ҳоли татбиқ ҳастанд, пулҳое мебошанд, ки Афғонистонро дар ояндаи наздик ҳамчун шарики муҳими иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он пайваст хоҳад кард.

«Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу ризоят дар Афғонистон буда, мо ҳамеша ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, раҳбарияти Афғонистонро дар роҳи ноил гардидан ба сулҳу созиш дар кишвари дӯст, ки моро бо ҳам робитаҳои чандинсараи таърихиву фарҳангӣ мепайванданд, ҳамеша дастгирӣ мекунем, – таъкид доштааст Ш.Зуҳуров – Мардуми Тоҷикистон ҳамвора худро дар канори мардуми Афғонистон дониста аз пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва талошҳои созандаи ҳукумату мардуми кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг пуштибонӣ мекунад»..

Сафири низ хостори густариши муносиботҳои байнипарлумонӣ шуда, таъкид доштааст, ки истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.