Санҷиши аудитории БМТ се моҳ идома дорад

Санҷиши фаъолияти молиявии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аллакай муддати се моҳ идома дорад. Муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Зафар Азимӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2016 санҷиши нақшавии БМТ семоҳаи охири сол пешбинӣ шуда, аудиторони Палата аввали моҳи декабр ба санҷиш оғоз карданд ва аз натиҷаҳои он танҳо баъди анҷоми […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Санҷиши фаъолияти молиявии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аллакай муддати се моҳ идома дорад.

Муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Зафар Азимӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2016 санҷиши нақшавии БМТ семоҳаи охири сол пешбинӣ шуда, аудиторони Палата аввали моҳи декабр ба санҷиш оғоз карданд ва аз натиҷаҳои он танҳо баъди анҷоми санҷиш метавон маълумот дод.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2014 Палатаи ҳисоб ҳамасола аудити фаъолияти Бонки миллиро мегузаронад.

Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши фаъолияти БМТ дар соли 2014 раҳбарияти Палатаи ҳисоб дар бораи ғайримақсаднок истифода шудани воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми 234,1 млн. сомонӣ (наздики 45 млн. доллар бо қурби охири соли 2014) хабар дода, дар ин робита якчанд кормандони бонк аз вазифаҳояшон озод шуда буданд.

Тибқи натиҷаҳои санҷиши соли 2015 ҳаннотии кормандони бонк дар бозори асъори кишвар ошкор шуда, дар натиҷа 6 нафар аз онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Собиқ раиси Падатаи ҳисоб Дилмурод Давлатзода изҳор дошта буд, ки минбаъд санҷишҳо аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҳамасола сурат мегиранд.

«Ҳарчанд муддати чандин сол аудиторони байнулмилалӣ дар Бонки миллӣ санҷиш гузаронанд ҳам, вале ҳар як халқ хусусиятҳои вижаи худро дорад. Гуфтаҳои моро ҳамчун танқид қабул накунед, вале бисёр чизҳое, ки мо ошкор мекунем, аз назари аудиторони байнулмилалӣ дур мемонад», – зикр карда буд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.