Трамп хостори пазириши арзишҳои амрикоӣ аз ҷониби муҳоҷирон аст

Президенти ИМА Доналд Трамп мехоҳад, ба кишвараш танҳо онҳое муҳоҷир шаванд, ки арзишҳои амрикоиро мепазиранд. Дар паёмаш рӯзи 2 феврал дар ноштои динии солона дар Вашингтон Трамп гуфтааст, манзур пеш аз ҳама «озодиҳои динӣ ва шахсист”, ки терроризм таҳдиди асосӣ ба онҳост. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Трамп дар паёмаш ба раҳбарони […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп мехоҳад, ба кишвараш танҳо онҳое муҳоҷир шаванд, ки арзишҳои амрикоиро мепазиранд. Дар паёмаш рӯзи 2 феврал дар ноштои динии солона дар Вашингтон Трамп гуфтааст, манзур пеш аз ҳама «озодиҳои динӣ ва шахсист”, ки терроризм таҳдиди асосӣ ба онҳост.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Трамп дар паёмаш ба раҳбарони рӯҳонии ИМА гуфтааст, дар ҷомеаи амрикоӣ ҳеч гуна фишор ба дин бояд вуҷуд надошта бошад, вале ҳамзамон мардум бояд худро комилан амн ҳис кунанд.

Вай ҳамчунин ишора кардааст, ки "саховатмандтарин низоми муҳоҷират дар ҷаҳон" ба Амрико тааллуқ дорад, аммо одамоне ҳастанд, ки аз он бо ҳадафи "паҳн кардани хушунат" истифода мекунанд.

Раҳбари Амрико ваъда кардааст, низомеро пиёда созад, ки ба вуруди афроди зиёновар ба ИМА роҳ надиҳад.

Ноштои динии ИМА соле як бор бо иштироки рӯҳониёни тамоми дину мазҳабҳо, аъзои Конгресс ва меҳмонони хориҷӣ баргузор мешавад. Трамп гуфт, умедвор аст, ки боз ҳафт бори дигар дар ин маросим ҳамчун президент ширкат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.