Гуфтушуниди мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон

Asia-Plus

Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Мирбек Қосимқулов ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя, зимни мулоқот роҳбарони мақомоти марзбонии кишварҳо доир ба вазъ дар марзи давлатӣ ва дигар ҳудудҳои берунаи қаламрави ИДМ таббодули назар намуда, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.

«Дар ҷараёни гуфтушунид ба масъалаи тадбирҳои муштараки дуҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва ҳаллу фасли вазъҳои мухолифатомез дар марз таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ба намояндагони мақомоти марзбонии вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Қирғизистон дастур дода шуд, ки нақшаи амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои низоъ дар марзро таҳия намоянд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, бо мақсади пешгирии низоъҳо миёни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ оид ба масъалаҳои обу замин ва дигар ҳолатҳои хоҷагидорӣ, тасмим гирифта шудааст, ки ба фаъолияти намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ҳарду ҷониб тақвият бахшида шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳарду ҷониб барои нигаҳдориву густариши робитаҳои дӯстиву ҳамҷаворӣ, зарурати баргузории чорабиниҳои гуногуни муштарак миёни ҷавонон, аз ҷумла ба муносибати ҷашни Рӯзи сарҳадбонро таъкид намудаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...