Лукашенко: узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ ба зарари мо анҷомид

Хабаргузории «Озодагон»

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия гила кардааст, ки узвияташ дар Иттиҳоди гумрукӣ, ки бо даъвати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия сурат гирифт, ба зарари иқтисодиёти кишвараш анҷомидааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Лукашенко охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, иттиҳод аз ошхонаи Путин оғоз шуд:

“Ӯ хост мо ӯро дастгирӣ кунем ва мо аз узвият баробариро интизор доштем. Бе баробарӣ иттиҳод ғайриимкон аст. Аммо дар пайи нобаробариҳои нархгузорӣ мо 15 миллиард долларро аз даст додем. Аз мо 15 миллиард гирифтанду баъд 5 миллиардро бо фоизҳои гарон қарз доданд. Оё ин хуб аст?”

Раисиҷумҳури Белорусия илова кардааст, ки дар баробари ин боз миннат мекунанд, ки мо онҳоро мехӯронему бори зиёдатиянд: “Ин хуб нест ва ба ин бояд хотима дод”.

Гилаи Лукашенко аз нобаробариҳо дар Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон низ дар садади узвият дар ин иттиҳод қарор дорад ва коршиносон онро аз мавзӯҳои меҳварӣ дар сафари қарибулвуқӯи Путин ба Душанбе арзёбӣ мекунанд.

https://www.youtube.com/watch?v=tJkKYPskRU0

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...