Натиҷаи санҷиш дар мактабҳо: 1 «аълохон» ва 720 «духон»

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳудуди 80%-и хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон, ки дар санҷиши навиштани иншои хурд – эссе иштирок карданд, аз имтиҳон нагузаштанд.

Ба гуфтаи директори Маркази милллии тестии ҷумҳурӣ Хуршед Икромӣ, дар санҷиши тирамоҳи соли 2016 толибилмони синфиҳои 11-и мактабҳои шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ҳисор ширкат варзида, тибқи нишондиҳандаҳо шумори холи аз ҳама зиёдтар барои навиштани иншо 24 балл муқаррар шуда буд.

«Аз 916 нафар иштиркочиён 720 нафар (ҳудуди 80%) камтар аз нисфи ин нишондиҳандаро ба даст оварда, танҳо 1 нафар ба 24 балл ва боз 2 хонандаи дигар ба 23 балл оҳиб шуданд, – иброз дошт ӯ. – Ба ҳисоби миёна иштирокчиёни санҷиш 8-9 баллӣ ба даст оварда, 36 нафар умуман ягон балл ба даст оварда натавонистанд».

Зикр гардид, ки Маркази миллии тестӣ ҷиҳатикумак ба хонандагону омӯзгорон барои омодагиии беҳтар ба тестҳои имтиҳонии соли 2018, ки дар он барои ҳамаи довталабон сарфи назар аз забони таҳсил, навиштани иншои хурд ҳатмӣ мешавад, дастурҳои методӣ таҳия кардааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...