То соли 2030 Тоҷикистон ба 55 млрд. доллар сармоягузориҳои хусусӣ умедвор аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Барои амалисозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ дар ҳаҷми ҳудуди 55 млрд. доллар дар назар аст, ки ин маблағ қариб нисфи ҳамаи воситаҳои зарурӣ барои амалисозии ин ҳуҷчатро ташкил медиҳад.

Муаллифони санад зикр мекунанд, ки дар маблағгузории Стратегия сармоягузориҳои хусусӣ, аз ҷумла ҳам сармоягузориҳои хориҷӣ ва ҳам дохилӣ нақши муҳим дошта, бо ин мақсад баҳри ҷалби онҳо ба таври қобили мулоҳиза беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст.

Ба сифати сарчашмаи дигар ҷиҳати амалисозии Стратегия воситаҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 56,1 млрд. доллар (47,5% аз ҳаҷми умумии зарурӣ барои татбиқи Стратегия) пешбинӣ шудааст.

Дастгирии шарикони рушд, воситаҳои созмонҳои бисёрҷонибаи байнулмилалӣ ва мусоидати техникӣ аз ҷониби онҳо дар масъалаи таҳия ва амалисозии ислоҳоти дар санад зикршударо муаллифон сарчашмаи хеле муҳими рушди барномавии кишвар мешуморанд.  Интизорӣ меравад, ки ҳиссаи шарикони рушд 7,3 млрд. долларро ташкил хоҳад дод.

Дар назар аст, ки шарикони рушд маблағгузориҳоро аз ҳисоби воситаҳои грантӣ зиёд мекунанд, ки «ба рӯҳияи ҳадафҳои нави рушди устувор» ҷавобгӯ аст.

Ҳаҷми умумии ҳамаи воситаҳои пешбинишуда барои 15 соли минбаъда аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба 118 млрд. 133 млн. доллар баробар аст.

Қобили зикр аст, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби парлумон моҳи декабри соли гузашта қабул шуда буд.

Барои амалисозии Стратегия ҳадафҳои зерини стратегии рушд барои 15 соли оянда муайян карда шудаанд: гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ; аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан; таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

Дар Стратегия нигаҳдории суръати рушди ҳамасолаи иқтисод дар сатҳи 7-8%, 3 баробар ва зиёдтар аз он афзоиш додани Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, 2,5 баробар зиёд кардани нишондиҳандаи сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолӣ, беш аз 2 баробар коҳиш додани сатҳи кмабизоатӣ ва аз байн бурдани қашшоқӣ пешбинӣ шудааст.

Яке аз имконоти калидӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, ҳаҷми зиёди мавҷудаи интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби шахсони воқеъӣ низ маҳсуб меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...