Ташкили бозори замин дар Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати ИМА

Иттилоияи расмӣ

Сафири ИМА Элизабет Миллард дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи нав оиди мусоидат ба рушди бозори замин иштирок намуд. Қобили қайд аст, ки лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар Точикистон амалӣ мегардад. Арзиши лоиҳа 9,7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳ ҷонибҳои калидии манфиатдор ва дигар шарикон, ки барои пешбарии ҳуқуқи истифодабарии замин саҳми арзанда мегузоранд, ба шумули раиси Кумитаи давлатии хоҷагии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, ва инчунин намояндагони парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати ИМА иштирок доштанд.

Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур то моҳи августи соли 2020 давом мекунад.  Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба замин яке аз ҳуқуқҳои бунёдӣ маҳсуб ёфта, истифодаи самараноки замин бо мақсади кишоварзӣ такони умдаи рушди иқтисодӣ мебошад. Афзоиши босуръати соҳаи кишоварзӣ – омили пуриқтидор барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ дар деҳоти кишвар мебошад.

Дар ҳоли амал накардани бозори замин, дастовардҳои дар соҳаи ислоҳоти замин ба даст оварда, метавонанд комёб нагарданд, чунки деҳқонон имконияти харид ё фурўши заминро, ки минбаъд аз тарафи онҳо кишту кор намегардад, аз даст медиҳанд.

Ҳадаф аз лоиҳаи мазкур – ин мусоидат намудан ба рушд ва ташкили бозори замин мебошад, то ки дехқонон имконияти харидорӣ, фурўш ва иҷораи заминро пайдо кунанд. Лоиҳа барои раванди осон ва шаффофи бақайдгирии замин бо таъмини дастрасӣ ва ҳуқуқи баробари мардону занон низ мусоидат хоҳад кард.

Татбиқи лоиҳа дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст. Дар доираи лоиҳа ҳамчунин иҷрои корҳо оид ба таҳкими имконияти кормандони давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, деҳқонон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисони соҳаи замин, дар назар аст. Таҳкими имкониятҳо, хусусан дар заминаи дастуруламали қабулшуда оиди ислоҳоти замин барои таъмин намудани шаффофияти бештар дар идоракунии захираҳои замин сурат мегирад.

USAID кўшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ислоҳоти аграрӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии хоҷагии қишлоқ дастгирӣ менамояд. Ин дастгирӣ тавассути Ибтикори Ҳукумати ИМА оид ба амнияти кафолатдодашудаи озуқаворӣ барои наслҳои оянда сурат мегирад.

Дар ин росто, корҳо дар самтҳои зайл иҷро мешаванд: таҳкими ҳуқуқ ба замин, васеъ наудани дастрасӣ ба захираҳои кишоварзии босифат барои истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, диверсификатсияи зироатҳо ва инчунин корҳо оиди рушди бозори замин.

Лоиҳа ба рушди бозори замин дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” мусоидат мекунад ва ҳамчун давомдиҳандаи кўшишҳои USAID ҷиҳати дастгирии ислоҳоти замин ва азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар соли 2004 оғоз гардид, хизмат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...