Боздошти ғоратгарзани гӯшвораҳои духтарчаҳои хурдсол

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе зани 27-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба гумони даст доштан дар ғорати гӯшвораҳои духтарчаҳои хурдсол боздошт шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда қаблан низ барои содир намудани ҷинятҳои ба ин монанд маҳкум шуда будааст.

Гуфта мешавад, зани гумонбаршуда гӯшвораҳои арзишноки духтарчаҳои хурдсолро бо роҳи зӯрӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезадааст.

«Номбурда 26-уми декабри соли 2016 дар кӯчаи Н.Қарабоев аз гӯши духтарчаи 9-солаи сокини шаҳри Душанбе як ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, ки арзишаш 1 ҳазору 200 сомонӣ, 10-уми феврали соли ҷорӣ дар кӯчаи Қосимов гӯшвори тиллоии духтарчаи 8-соларо, ки арзишаш 1000 сомонӣ ва аз духтарчаи 10-солаи сокини пойтахт, гӯшвори арзишаш 800 сомониро тасарруф намудааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...