Моҳи январ нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 0,6% афзуданд

Моҳи аввали соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,6%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,8% (январи соли 2016 – 1,4%) камтар аст. Мувофиқи дурнамои сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон мизони таваррум дар соли 2017-ро дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ доштанист. Бояд қайд намуд, ки таваррум […]

Моҳи аввали соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,6%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,8% (январи соли 2016 – 1,4%) камтар аст.

Мувофиқи дурнамои сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон мизони таваррум дар соли 2017-ро дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ доштанист.

Бояд қайд намуд, ки таваррум яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ барои нигоҳдории устувории фазои макроиқтисодии кишвар ба шумор рафта, нишондиҳандаи муътадили он ҷиҳати беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди истеҳсоли маҳсулот дар кишвар мусоидат мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул ва инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо чораҳои зарурӣ меандешад.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба мизони пешбинишуда (дар сатҳи 7,0 фоиз) ба андозаи 0,9 банди фоизӣ кам мебошад. Ҳамин тариқ, соли 2016 сатҳи миёнаи моҳонаи тавррум дар Тоҷикистон 0,5%-ро ташкил дод.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд. Дар ҳамин ҳол, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2016-ро Бонки осиёгии рушд – 7%, Бонки ҷаҳонӣ – 7,5% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 8,2% пешгӯӣ карда буданд.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.