Имомов: Русия ба толибон тариқи Тоҷикистон аслиҳа намедиҳад

Сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов иддаои намояндаи Луи Ҷирга ё парлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз дар мавриди интиқоли аслиҳаи Русия тавассути Тоҷикистон барои Толибон дар шимоли Афғонистонро “беасос ва дурӯғин” хонд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин гуна хабарҳо дар ҳафтаи гузашта, дар пайи бозгашти Абдулвадуд Паймон, намояндаи парлумон аз вилояти Кундуз пайдо шудааст. […]

Радиои Озодӣ

Сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов иддаои намояндаи Луи Ҷирга ё парлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз дар мавриди интиқоли аслиҳаи Русия тавассути Тоҷикистон барои Толибон дар шимоли Афғонистонро “беасос ва дурӯғин” хонд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин гуна хабарҳо дар ҳафтаи гузашта, дар пайи бозгашти Абдулвадуд Паймон, намояндаи парлумон аз вилояти Кундуз пайдо шудааст.

«Ду рӯзе қабл бо Абдулвадуд Паймон сӯҳбат карда ва манбаи ин хабаррро пурсидам. Ӯ гуфт, ки аз мардуми маҳал шудааст. Барои тасдиқи ин хабар ҳеҷ далеле оварда натавонист. Баъдан узрхоҳӣ кард, ки бо такя ба овозаҳо ин хабарро дар расонаҳои Афғонистон пахш кардааст», – иброз доштааст ӯ.

Абдулвадуд Паймон гуфтааст, дар ҳоле, ки интиқоли силоҳ аз Покистон ба шимоли Афғонистон номумкин аст, Толибон дар ин минтақа бо силоҳҳои муосир мусаллаҳ мешаванд. Вай дар ин росто ангушти ишорат ба сӯи Русия карда ва гуфтааст, силоҳҳои русӣ аз тариқи Тоҷикистон тавассути дарёи Ому ба ҳангоми шаб ба вулусволӣ ё ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Дарқади вилоятҳои Кундуз ва Тахор интиқол мешаванд.

Ӯ насби дурбинҳои назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро нишонае аз ҳузури низомиёни рус дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, интиқоли силоҳу таҷҳизоти ҷангӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ғайриимкон аст.” Вай хабари тавассути киштиҳо шабона аз Тоҷикистон ба ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Дарқад интиқол шудани силоҳҳои русиро нодуруст хонда ва гуфтааст, “дар минтақаҳои сарҳадии дарёи Омӯ ҳеҷ киштие рафту омад намекунад”.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.