Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро табрик кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистон барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии бемайлони кишвар ва некуаҳволии мардуми он мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад».

«Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ ба нафъи ду давлат ва мардумонашон таҳкиму рушд хоҳанд ёфт», – омадааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки президенти феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо касби 97,69 дарсади оро дар интихоботи президентии ин кишвар рӯзи 12 феврал пирӯз эълом шуд. Ба ғайр аз ӯ дар интихобот боз ҳашт номзади дигар ширкат доштанд. Кумисюни марказии интихоботии Туркманистон гуфтааст, зиёда аз 97%-и интихобкунандагон райъ доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...