Навори видеои хавфи рахнаи сарбанди бузург дар ИМА

Дар шабакаи интернет навори видеоӣ мунташир шуд, ки дар он чӣ гуна аз сарбанди обанбори Оровилл ба дарё партофта шудани маҷрои зиёду шиддатноки об ба мушоҳида мерасад. Навор аз Instagram-и корбар Тайсон Шортторн аз фазо гирифта шудааст. Дар ИМА кӯчонидани таъҷилии аҳолӣ, ки поинтар аз сарбанди Оровилл дар қисмати шимолии штати Калифорния зиндагӣ мекунанд, эълон […]

Дар шабакаи интернет навори видеоӣ мунташир шуд, ки дар он чӣ гуна аз сарбанди обанбори Оровилл ба дарё партофта шудани маҷрои зиёду шиддатноки об ба мушоҳида мерасад. Навор аз Instagram-и корбар Тайсон Шортторн аз фазо гирифта шудааст.

Дар ИМА кӯчонидани таъҷилии аҳолӣ, ки поинтар аз сарбанди Оровилл дар қисмати шимолии штати Калифорния зиндагӣ мекунанд, эълон шудааст. Дар ин бора Лента.ру бо истинод ба Reuters хабар дода буд.

Дар навори дигари Ҷуди Брандт дар Twitter дида мешавад, ки дар болои сарбанд чархболҳо парвоз доранд. Қаблан зикр гардида буд, ки хадамоти наҷотдиҳанда барои пур кардани сӯрохии обпартои ёридиҳанда аз чархболҳо ба он санг мепартоянд.

Сокинони маҳаллӣ низ наворҳои видеоиеро гузоштаанд, ки дар онҳо танбашавии нақлиёт дар натиҷаи кӯчонидани аҳолӣ аз макони хавф ба назар мерасад.

Хатари рахнаи сарбанди бузургтарин дар ИМА бар асари боришоти шадиди борон, ки ба болоравии сатҳи об дар кӯли Оровилл боис гардид, ба вуҷуд омад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...