Имомов: Русия ба толибон тариқи Тоҷикистон аслиҳа намедиҳад

Радиои Озодӣ

Сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов иддаои намояндаи Луи Ҷирга ё парлумони Афғонистон аз вилояти Кундуз дар мавриди интиқоли аслиҳаи Русия тавассути Тоҷикистон барои Толибон дар шимоли Афғонистонро “беасос ва дурӯғин” хонд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин гуна хабарҳо дар ҳафтаи гузашта, дар пайи бозгашти Абдулвадуд Паймон, намояндаи парлумон аз вилояти Кундуз пайдо шудааст.

«Ду рӯзе қабл бо Абдулвадуд Паймон сӯҳбат карда ва манбаи ин хабаррро пурсидам. Ӯ гуфт, ки аз мардуми маҳал шудааст. Барои тасдиқи ин хабар ҳеҷ далеле оварда натавонист. Баъдан узрхоҳӣ кард, ки бо такя ба овозаҳо ин хабарро дар расонаҳои Афғонистон пахш кардааст», – иброз доштааст ӯ.

Абдулвадуд Паймон гуфтааст, дар ҳоле, ки интиқоли силоҳ аз Покистон ба шимоли Афғонистон номумкин аст, Толибон дар ин минтақа бо силоҳҳои муосир мусаллаҳ мешаванд. Вай дар ин росто ангушти ишорат ба сӯи Русия карда ва гуфтааст, силоҳҳои русӣ аз тариқи Тоҷикистон тавассути дарёи Ому ба ҳангоми шаб ба вулусволӣ ё ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Дарқади вилоятҳои Кундуз ва Тахор интиқол мешаванд.

Ӯ насби дурбинҳои назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро нишонае аз ҳузури низомиёни рус дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, интиқоли силоҳу таҷҳизоти ҷангӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ғайриимкон аст.” Вай хабари тавассути киштиҳо шабона аз Тоҷикистон ба ноҳияҳои Дашти Арчӣ ва Дарқад интиқол шудани силоҳҳои русиро нодуруст хонда ва гуфтааст, “дар минтақаҳои сарҳадии дарёи Омӯ ҳеҷ киштие рафту омад намекунад”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...