Аслов ва Раббонӣ зарурати тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро таъкид намуданд

Asia-Plus

Рӯзи 16 феврали соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ ва инчунин таҳти роҳбарии онҳо машваратҳои дуҷонибаи ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар баргузор шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқоти вазирон ва музокироти ҳайатҳо масоили марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд. Дар партави дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар ва тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, бар зарурати роҳандозии иқдомҳои муштарак ва тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ҷиҳати густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, коммуникатсия, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва соҳаҳои дигар таъкид гардид.

Бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳо ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ зарур шуморида шуд.

Дар ин росто ҳамчунин нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масоили иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон муҳим арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории ноҳияҳо ва вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва Афғонистон омили муҳимми тақвияти равобити гуногунҷанба ва мутақобилан судманди ду кишвар мебошад. 

Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон тасдиқ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти нақши нерӯҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию ифротгаро муҳим арзёбӣ менамояд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчубаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҷонибдории худро аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар СҲШ иброз намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...