Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский нахустнамоиши спектакли «Ночь в театре» (Шабе дар театр) доир мегардад. Спектакл дар толори Театри ба номи Лоҳутӣ намоиш дода мешавад. Оғози намоиш соати 17:30; – Дар Душанбе бозиҳои даври финалии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд. Бозиҳо дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ гузаронида мешаванд. ҚУРБИ […]

АНОНС

– Дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский нахустнамоиши спектакли «Ночь в театре» (Шабе дар театр) доир мегардад. Спектакл дар толори Театри ба номи Лоҳутӣ намоиш дода мешавад. Оғози намоиш соати 17:30;

– Дар Душанбе бозиҳои даври финалии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд. Бозиҳо дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ гузаронида мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9365 сомонӣ;

1 евро – 8.4428 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1375 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1931 – Анҷумани I-уми Шӯрои ҶШС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки дар он нахустин Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон қабул шуд.

2010 — Дар Душанбе 12 узви созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.

1940 – Зодрӯзи шоира Ҳадиса Қурбонова.

1959 – Мавлуди ҳунарманди театр Фатҳулло Абдуллоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +1+6. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +15+17.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона 0+2.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.