Прокурори генералӣ: Сафи ҷангиёни тоҷик дар ДИ 5 маротиба кам шуд

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон прокурори генералии ҷумҳурӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзода изҳор намуд, ки дар муқоиса бо соли 2015 шумори тоҷикистониёне, ки ба сафи ҷангандаҳои «Давлати исломӣ» (ДИ) пайвастаанд, панҷ маротиба кам шудааст. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 230 адад сомонаҳои интернетии таблиғкунандаи терроризм ва ифротгароӣ баста шудааст. […]

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон прокурори генералии ҷумҳурӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзода изҳор намуд, ки дар муқоиса бо соли 2015 шумори тоҷикистониёне, ки ба сафи ҷангандаҳои «Давлати исломӣ» (ДИ) пайвастаанд, панҷ маротиба кам шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 230 адад сомонаҳои интернетии таблиғкунандаи терроризм ва ифротгароӣ баста шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба маълумот дар бораи шумори ҷангандагон дар сафҳои «Давлати исломӣ» аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон муҳри махфӣ гузошта шудааст. Аз шарҳи ҷузъиёти дигар масъала манбаъ худдорӣ варзид.

Аввали моҳи марти соли гузашта прокурори генералӣ зимни суханронӣ аз минбари парлумон изҳор дошта буд, ки аксари тоҷикони ҷанганда дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия пайравони равияи Салафия мебошанд.

«Тибқи маълумоти ахир, дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар хориҷи кишвар 1 ҳазору 94 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд, ки соли гузашта (2015) 147 нафар аз сафи гурӯҳои мусаллаҳи хориҷи кишвар ба ватан баргашта, 780 шаҳрванди ҷанганда дар сафҳои Давлати исломӣ мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд», – иброз дошта буд ӯ.

Прокурори генералӣ қайд кард, ки беш аз 85 фоизи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар дар сафҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ меҷанганд, аз муҳоҷирати корӣ ба он ҷо рафтаанд.

Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта дар Тоҷиистон ситоди ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масоили муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ таъсис дода шуда, танҳо соли гузашта ҳангоми кӯшиши тарки кишвар бо мақсади пайвастан ба сафҳои ДИ 31 шаҳрванди ҷумҳурӣ боздошт ва нисбати 166 шаҳрванди ҷанганда дар сафҳои ДИ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.