Прокурори генералӣ: Аксари тоҷикон дар сафҳои ДИ пайравони салафиҳоянд

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон прокурори генералии ҷумҳурӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод изҳор намуд, ки аксари тоҷикони ҷанганда дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ (ДИ) дар Ироқу Сурия пайравони равияи Салафия мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, равияи динии Салафия, ки фаъолияташ ҳанӯз моҳи январи соли 2009 манъ шуда буд, айни замон нерӯи асосӣ […]

Аваз Юлдошев



Зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон прокурори генералии ҷумҳурӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод изҳор намуд, ки аксари тоҷикони ҷанганда дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ (ДИ) дар Ироқу Сурия пайравони равияи Салафия мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, равияи динии Салафия, ки фаъолияташ ҳанӯз моҳи январи соли 2009 манъ шуда буд, айни замон нерӯи асосӣ дар кишвар мебошад, ки аз афкору ғояҳои Давлати исломӣ пуштибонӣ мекунад.

«Тибқи маълумоти ахир, дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар хориҷи кишвар 1 ҳазору 94 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд, ки соли гузашта 147 нафар аз сафи гурӯҳои мусаллаҳи хориҷи кишвар ба ватан баргашта, 780 шаҳрванди ҷанганда дар сафҳои Давлати исломӣ мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд», – иброз дошт ӯ.

Прокурори генералӣ қайд кард, ки беш аз 85 фоизи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар дар сафҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ меҷанганд, аз муҳоҷирати корӣ ба он ҷо рафтаанд.

Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта дар Тоҷиистон ситоди ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масоили муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ таъсис дода шуд. «Танҳо соли гузашта ҳангоми кӯшиши тарки кишвар бо мақсади пайвастан ба сафҳои ДИ 31 шаҳрванди ҷумҳурӣ боздошт ва нисбати 166 шаҳрванди ҷанганда дар сафҳои ДИ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд», – гуфт номбурда.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҳамчунин қайд кард, ки баъзе мақомоти давлатӣ ба ҳукумат маълумоти носанҷидаро пешниҳод мекунанд. «Масалан, Кумита оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ахири соли гузашта маълумот дод, ки дар 1 ҳазору 565 масҷиди сабтиномнашуда марказҳои фарҳангӣ таъсис дода шуданд, вале 927 масҷид аз шумори зикргардида то имрӯз пинҳонӣ фаъолият мекунанд. Ғайр аз ин, тибқи омори расмӣ, айни замон дар муассисаҳои таълимоти динии ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар 288 шаҳрвандони мо ғайрирасмӣ таҳсил доранд, вале дар асл шумори онҳо аз 1 ҳазор нафар зиёдтар аст», – таъкид дошт прокурори генералӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.