Боздошти корманди ВКД Тоҷикистон бо ҳашиш дар Қирғизистон

Кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намудаанд. Тавре иттилоъ дода мешавад, яке аз онҳо майори милитсияи Тоҷикистон будааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Хадамот, 1 марти соли 2016 зимни як амалиёти пешакӣ муддати зиёд ва дақиқан таҳияшуда ба иттиҳоми машғул будан […]



Кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намудаанд. Тавре иттилоъ дода мешавад, яке аз онҳо майори милитсияи Тоҷикистон будааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Хадамот, 1 марти соли 2016 зимни як амалиёти пешакӣ муддати зиёд ва дақиқан таҳияшуда ба иттиҳоми машғул будан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар деҳаи Жажтики вилояти Ботканд автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи корманди ВКД Тоҷикистон И.М., соли таваллудаш 1967 боздошт мешавад, ки дар дохили автомашина ҳамчунин боз як шаҳрванди дигари Тоҷикистон О.М., соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе низ ҳузур доштааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур дар бағочи он ду сумкаи варзишӣ бо маводи мухаддири ҳашиш (чарси афғонӣ) дарёфт мешавад, ки вазнаш 36 килову 300 граммро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамин тариқ бори навбатӣ аз кӯшиши қочоқи маводи мухаддири афғонӣ тариқи қаламрави Қирғизистон пешгирӣ шуда, дар Раёсати тафтишоти Хадамот аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала изҳор намуданд, ки «аз ин маълумот огаҳие надоранд» ва ваъда доданд, ки «ояндаи наздик ин масъаларо шарҳу тавзеҳ хоҳанд дод».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.