Ҷонибдории сенаторҳо аз тағйирот ба якчанд қонун

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз тағйирот ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Ин тағйирот ба танзими ҷараёни интихоби ном барои тифлони навзод аз ҷониби волидони тоҷикашон нигаронида шудааст. Мутобиқи меъёрҳои тағйирот, ба тифлон гузоштани номҳое, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад, манъ карда мешавад. Масалан, ба тифлони […]



Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз тағйирот ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Ин тағйирот ба танзими ҷараёни интихоби ном барои тифлони навзод аз ҷониби волидони тоҷикашон нигаронида шудааст.

Мутобиқи меъёрҳои тағйирот, ба тифлон гузоштани номҳое, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад, манъ карда мешавад. Масалан, ба тифлони навзод гузоштани номҳое чун Санг, Сафол, Зоғ, Гург ва ғайра манъ карда мешавад.

Тағйирот ҳамчунин барои ба тартиб овардани ном, номи падар ва фамилияи шаҳрвандон низ равона гардида, минбаъд истифодаи лақаб дар ҳуҷчатҳои расмӣ дар ҷумҳурӣ манъ карда мешавад. «Айни замон ин раванд худ ба худ сурат мегирад. Зимни ивази фамилияҳо шаҳрвандони мо аксар вақт тибқи расму оини миллӣ чунин номҳое мегузоранд, ки дар фаҳмидани кадоме аз онҳо ному кадоме номи падар ва фамилия буданаш кас ба мушкил дучор мешавад», – қайд шуд дар иҷлосия.

Дар ҳамин ҳол, барои шаҳрвандони миллати дигар, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, имтиёзҳо пешбинӣ шуда, онҳо метавонанд мутобиқи расму оин ва фарҳанги худ барои тифлашон ном интихоб кунанд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчунин аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва ба Кодекси оила низ ҷонибдорӣ намуданд. Мутобиқи ин тағйирот ба қонунгузорӣ, дар ҷумҳурӣ никоҳ миёни хешу таборони наздик манъ карда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ беш аз 30 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо дар оилаҳои ҳамсарони хешу таборони наздик ба дунё омадаанд. Минбаъд издивоҷ байни кӯдакони бародарон, кӯдакони хоҳарон, кӯдакони амаку тағо ва холаву аммаҳо манъ карда мешавад.

Мутобиқи тағйироти қабулшуда, аз 1 июли соли 2016 пеш аз ақди никоҳ шаҳрвандон ҳатман аз муоинаи тиббии бепул мегузаранд. Минбаъд мақомоти САҲШ бидуни пешниҳоди чунин маълумотнома ба анҷом додани маросими ақди никоҳ ҳуқуқ нахоҳанд дошт.

Аммо дар маҷмӯъ пас аз шиносоӣ бо хулосаҳои табибон, худи хоҳишмандони барпо кардани оила дар бораи издивоҷашон тасмими ниҳоӣ мегиранд.

Муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз хориҷи кишвар бармегарданд, низ зимни бозгашт бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Палатаи болоии парлумон бидуни баррасӣ ва якдилона тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро тасдиқ кард.

Моҳияти тағйироту иловаҳои мазкур чунин аст: ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо)-и ҷумҳурӣ уҳдадор мешаванд, ки бо дархости волидон ба онҳо дар бораи ба кадом сомонаҳо ворид шудани фарзандонашон дар шабакаи Интернет бепул маълумот пешниҳод намоянд.

Ба андешаи сенаторҳо, ин тағйироту иловаҳо ба пешгирии кӯдакон аз пайвастан ба сафҳои созмонҳои террористиву ифротгаро, муҳофизати онҳо аз зӯроварӣ ва безавқӣ нигаронида шудаанд.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз ҳамчунин дар бораи ба ифтихори Пешвои миллат Раҳмонобод номгузорӣ шудани шаҳрак дар ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, ки бо ташаббуси президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта дар мавзеи Питовдашт барои сокинони моҳи июли соли 2015 аз селфароӣ осебдида бунёд гардида буд, қарори дахлдор қабул карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.